Ҳалокати ноболиғи 11-сола зери чархи “Опел-Астра”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ноуҳдабароии як ронанда ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди Панҷи поён - Душанбе боиси марги ноболиғ гардидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 20 июн ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ҳангоми ҳаракат тавассути шоҳроҳи автомобилгарди Панҷи поён - Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, писарчаи 11-солаи истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтарро зер кардааст: “Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.