То 15 июн. 47 ҳазору 829 зан аз хоки Тоҷикистон берун рафтааст
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали соли 2015 то 15 июн беш аз 40 ҳазор зан бо сабабҳои гуногун марзи кишварро тарк кардаанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба “Озодагон” гуфт, дар ин муддат дар маҷмӯъ 369 ҳазору 670 шаҳрванди Тоҷикистон ба хориҷа сафар намудаанд. Ҷаноби Қодирӣ мегӯяд, аз ин теъдод 321 ҳазору 841 нафар мард ва 47 ҳазору 829 нафарашро зан ташкил медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, дар ин муддат 314 ҳазору 678 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия сафар намуд, ки 281 ҳазору 782 нафари он мард ва 32 ҳазору 896 нафари дигар занҳоянд: “Дар ин давра аз хориҷи кишвар 205 ҳазору 243 нафар ба Ватан баргаштаанд, ки 170 ҳазору 154 нафар ба Русия рост меояд”.