Комиссияи тендерии ҳукумати шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 100 адад автобусҳо тасмим гирифтааст.
Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии ҳукумати пойтахт, ин нақлиёт барои корхонаҳои коммуналии шаҳр ва баҳри беҳбудбахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ нигаронида мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд, дархостҳои худро ҷиҳати иштирок дар тендери мазкур бо нишонии шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе то шашуми июн ирсол кунанд. Зимнан, чунин санадҳо бояд ирсол карда шаванд:
-Оинномаи корхона;
-иҷозатнома (литцензия) барои иҷрои корҳои хариду фурўш;
-кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);
-гувоҳномаи нозироти андоз;
-гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;
-маълумотнома оид ба таъмини корхонаю муассисаҳо бо нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар 2-3 соли охир;
-номгўи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;
-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.