Миндаугас Убартас ҷои Мансур Ҳамидовро мегирад
Миндаугас Убартас, мудири молии ширкати телекомникатсионии “Tele2 Kazakhstan” мудири кулли ширкати ТСЕЛЛ, калонтарин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Мансур Ҳамидовро иваз мекунад, ки аз соли 2011-ум инҷониб ТСЕЛЛ-и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.
Убартас зодаи Литва буда, ба иттилои манобеи “Озодагон” фаъолияташро дар Тоҷикистон аз 1-уми августи соли равон оғоз хоҳад кард. Мансур Ҳамидов аз моҳи январи соли равон ноиби президенти TeliaSonera оид ба фаъолияти тиҷоратӣ дар минтақаи АвруОсиё таъин шуда, дар баробари ин то ҳол вазифаи мудири кулли ТСЕЛЛ-ро низ иҷро мекард.
Миндаугас Убартас соли 1996 Донишгоҳи технологии Каунаси Литваро хатм карда,аз моҳи майи соли 2005 то январи 2010 мудури шуъбаи фурӯши UAB Tele2 дар Литва будааст. Аз соли 2011 то 2013 раҳбари Tele2 Eesti AS дар Эстония ва аз моҳи октябри соли 2013 ба ҳайси мудири молии ширкати Tele2 Kazakhstan кор кардааст. Дар назар аст, ки Убартас то нимаи моҳи июли соли равон дар “Tele2 Kazakhstan” кор мекунад ва баъдан ин ширкатро тарк намуда, аз моҳи август ба кор дар ТСЕЛЛ оғоз мекунад.
ТСЕЛЛ калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки 40 дар сади саҳмияҳои он ба Хазинаи Оқохон ва 60 дарсадаш ба ширкати аврупоии “Телиасонера” марбут дониста мешаванд.