(ВИДЕО) Назари сокинон дар мавриди амри Хадамоти алоқа: Ин беинсофӣ аст!
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ахиран муштариёнашонро огоҳ кардаанд, ки шурӯъ аз якуми июл ҳармоҳа аз ҳар симкорти фаъол 80 дирам ситонда мешавад.
Дар иттилоияи ширкатҳои мобилии ТСЕЛЛ, Вавилон ва Мегафон гуфта мешавад, “дар асоси фармоиши Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз якуми июли соли равон пардохти муштарипулии ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонда мешавад”.
Аз ширкати ТСЕЛЛ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин маблағ танҳо аз рақамҳои фаъол гирифта мешавад.
Дар робита хабарнигори “Озодагон” назари сокинону меҳмонони Душанберо дар ин масъала пурсид. Дар баробари бештари нафароне, ки ин иқдомро ба нафъи мардум намедонистанд, чанд нафар аз он ҳимоят кард. Яке аз пурсидашудаҳо гуфт, “дар як моҳ 80 дирам чандон пуле нест. Як сомона дар як гадо ҳам медиҳӣ”. Нафари дигаре ҳам таъкид кард, “дар як моҳ 80 дирам пули зиёде нест”.
Аммо тавре ишора рафт, назари бештари пурсидашудаҳо дар ин маврид мусбат набуд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, “сатҳи зиндагии мардум мушкил аст ва ин иқдом ба онҳо душворӣ пеш меорад”. Шахси солманде таъкид кард, ҳақмузд дар Тоҷикистон ду ҳазор доллар нест, ки ба ширкатҳо пули иловагӣ пардохт шавад. Нафаре гуфт, ин кор мантиқ надорад: “Дигар намедонанд, ки бо кадом роҳ мардумро ғорат кунанд”.
Яке аз пурсидашудаҳо мегӯяд: “Ин як бинсофӣ аст. Дар як моҳ чанд сомоние, ки истифода кардем, ҳамонро бигиранд”.
ШУМО НИЗ НАЗАРИ ХУДРО БИНАВИСЕД