Вокуниши шаҳрдорӣ ба матлаби “Боз рақс, боз хатнасур. Кай роҳи ислоҳотро пеш мегирем?”
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба матлаби “Боз рақс, боз хатнасур. Кай роҳи ислоҳотро пеш мегирем?”-и Азизи НАҚИБЗОД, ки 4 июни соли 2015 дар торнамои “Озодагон” нашр шуд, вокуниш нишон додааст. Ин вокуниш зери имзои Ҷамила Лангариева, муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт унвонии хабаргузорӣ расид, ки ҳоло матни комили он пешниҳод мегардад:
“Воқеан Қарори Раиси шаҳри Душанбе №298 аз 30 майи соли 2015 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе” феълан мавриди иҷроиш қарор дорад ва он барои иттилоъ ва дастрасии кулли сокинони шаҳр чун дигар санадҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанбе баҳри таъмини шаффофияти фаъолият тавассути сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj нашр карда шудааст. Аммо агар фаҳмиш, дарк ва масъулияти шаҳрвандии муаллиф бобати гиромидошту арҷгузорӣ нисбати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ин санаи тақдирсози миллат чунин будаву шарҳи маънию подоши тафаккураш то ин сатҳ қобилияти бардоштро дорад, ҷои гиламандӣ нест.
Муаллиф андеша пеш меорад, ки “Боз хатнасур, боз саргардон кардани духтарони мардум. Боз рақсу суруд...”, пурсиданием, ки худи Шумо чӣ пешниҳоди мушаххас доред?! Кадом нигоҳи тоза ё он тавре ки худатон мегӯед, “андешаи нав”-ро бо ин мақсад ироа доштеду он аз ҷониби шаҳрдорӣ сарфи назар шудааст? На эроду ҷурмкобӣ, балки ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамандешӣ бо масъулияти шахсии ташаббуси воқеӣ тақозои вақт ва замон мебошад. Шояд огоҳ бошед, ки шаҳрдорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҳамкории судманду созандаро ба роҳ мондааст.
Бинобар ин, агар муаллиф дар асл дорои зарфияти пешниҳодсозӣ бошанд, аз имкониятҳои интерактивии солҳо барои иртибот бо ҷомеа фароҳамовардаи шаҳрдорӣ истифода карда, дар амалишавии ташаббусҳои созандаи худ иқдом менамуданд. Зеро шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдорӣ танқидҳои воқеӣ, пешниҳодоти креативии ба нафъи ҷомеа нигаронидашуда буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дигар ин, ки Ваҳдат ва ҳамасола таҷлили солгарди он дар радифи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз беназиртарин дастовард мебошад, ки ба ифтихори он чунин гиромидошт ҳанӯз кам аст.
Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд дарки волоияти қонун на танҳо ногузир, балки сарчашмаи рушду суботи бемайлони иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои миллӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудаанд, дар баробари арҷгузорӣ ба ҳар кадоми онҳо баёнгари волоияти қонун мебошад.
Инчунин ба маълумоти муҳтарам Азизи Нақибзод расониданем, ки шуруъ аз 23 августи соли 2012 бо ибтикори Раиси шаҳр ҷалби наврасону мактабиён ва донишҷӯён дар барномаҳои театришуда, ки бо иқдоми шаҳрдорӣ баргузор мегарданд, қатъиян манъ дошта шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе масъулиятнокии андешаҳои ибрознамудаи муаллифро ба худашон ҳавола намуда, бовар дорад дар оянда Азизи Нақибзод пешниҳодҳои мушаххаси креативӣ ва навро барои пешрафти пойтахт пешниҳод хоҳад кард.
Ҳамзамон, мо умед мебандем, ки муаллиф бо шомил шудан ба гурӯҳи ҳамкорони Фейсбук ё худ тавассути ширкати фаъолона дар ҷаласаҳои васеи шаҳрдорӣ, ки ҳар моҳ бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ сурат мегиранд ва дар онҳо дилхоҳ сокини шаҳр, ки дар асл мавқеи созандагӣ дорад, таклифу назарҳои худро нисбати пешрафти соҳаҳои ҳаёти пойтахт манзур медорад, саҳм мегузорад”.