Суд нафақаи духтури № 1-и зиндонҳои Тоҷикистонро барқарор кард
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фармони бенафақа аз кор хориҷ кардани Рустам Нуров, сардори раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистонро бекор кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нуров Рустам аз соли 2004 дар низоми ислоҳи ҷазои ҷиноӣ кор карда, аз моҳи августи соли 2011 ба вазифаи сардори Раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон таъин шудааст.
Манбаъ афзуд, ки 13-уми январи соли равон дар асоси фармони раҳбарияти Сарраёсат Рустам Нуров ба нафақа баромадааст: “Аммо 30-юми январи соли равон дар асоси фармоиши дигар фармони ба нафақа баромадани ў бекор карда шуда, ўро аз ситемаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бе аризаи хаттӣ ва бе розигиаш, гуиё бо хоҳиши худ хориҷ намудаанд”.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, дар мурофиа муайян шуда, ки дар асл Нуров Рустам барои бо хоҳиши худ аз кор озод шудан аризаи хаттӣ пешниҳод накардааст ва суд даъвои ӯро нисбати Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда, фармони барканорияшро бекор кард.