Барканории фармондеҳони полку баталион ва ротаи Фирдавс Раҳматов аз мақомҳояшон
Масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон аз барканории се мақоми баландпояи қисми ҳарбии 04080-и худ дар шаҳри Конибодом, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ дар он ҷасади Фирдавс Раҳматов ба хона оварда шуд, хабар медиҳанд.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар рӯзи 22 июн ба “Озодагон” хабар доданд, фармондеҳони полк, баталион ва ротаи қисми ҳарбии 04080 ба хотири бетаваҷҷуҳӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Аммо манбаъ, аз бурдани ному насаби онҳо худдорӣ кард.
Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд.
Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, ки Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа натоиҷи аввалияи тафтишотро эълон карда, гуфтанд, “тибқи натиҷаҳои санҷиш роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латту кӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд, гуфт, “соатҳои тахминан 15:00 дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов, ду сержант ва Айём Назаров, сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом Раҳматовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд”.
Масъулини Додситонии ҳарбии вилояти Суғд мегӯянд, ҳоло алайҳи сержантҳо - Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимовбар асоси моддаи 391, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) ва Айём Назаров, сарбози қаторӣ тибқи моддаи банди 273, қисми 2 (вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.