Э. Раҳмон масъули таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулмаро таъин кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумат таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулмаро ба уҳдаи муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак” вогузор кардааст.
Тибқи ин қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки 6-уми июни соли равон имзо шудааст, ҳадаф аз ҷалби муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак” ба навсозии роҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма таъмини истифодаи босамари маблағҳои қарзие мебошад, ки барои татбиқи ин лоиҳа равона мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисоду савдоро вазифадор кардааст, маблағҳоеро, ки аз ҳисоби ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа пешбинӣ шудаанд, ҷудо намоянд.
Имзои ин қарор дар ҳолест, ки таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма дар мулоқотҳои ахири Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин аз мавзӯҳои меҳварӣ буд ва зоҳиран тавофуқоте дар ин ҷода ҳосил шудааст.