Дар назди мағозаи «Пайкар» -и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шахсони номаълум даст ба қонуншиканӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ задаанд.
Тибқи иттилои ВКД, дар ин маврид аризаи Донёр Ҳайдарови 25-сола, ки ҷои муайяни зист надорад, ворид гаштааст. Ба қавли номбурда, рӯзи гузашта як нафари ношинос бо корд ба шиками ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.
Аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Дилшод Ҷабборови 26- сола, сокини кӯчаи Асирӣ, хонаи 59 содир кардааст. Гуфта мешавад, ки дастгиршуда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 244, кодеси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}