Ҳалокати як тифли 6-сола баъди сарозер шудан аз ошёнаи 7
Як тифли 6-солаи тоҷик аз ошёнаи 7-уми яке аз биноҳои маскунии шаҳри Маскави Русия сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин борра расонаҳои русӣ хабар додаанд.
“Интерфакс” бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштааст, ин ҳодиса субҳи рӯзи шанбе, 20 июн дар манзили №28-и кӯчаи Кировоград рух додааст: “Модар тифли худро, ки соли таваллудаш 2009 будааст, бидуни назорат гузоштааст. Кӯдак аз ошёнаи ҳафтум худро партофтааст".
Ба иттилои манбаъ, модар ва тифли ӯ ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.