Рақобати футболбозони то 16-солаи тоҷик бо мунтахаби ҷавонони Испания
Тими миллии ҷавонони зери 16-солаи Тоҷикистон дар 8-умин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон шомили гуруҳи “А” шуда, бо мунтахаби ҷавонони Испания, Қазоқистон ва Қиғизистон рақобат мекунад.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, тими миллии ҷавонони кишвар барои рақобат дар ин мусобиқа 21 июн вориди Остона шуда, имрӯз нахустин бозиашро бо мунтахаби ҷавонони Испания соати 15:00 доир менамояд.
Тими миллии ҷавонони кишвар аз 18 бозигар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар мураккаб аст.
Тими ҷавонони кишвар рӯзи 23 июн бо тими Қирғизистон ва 25 июн бо мунтахаби Қазоқистон рақобат хоҳад кард.
Дар гуруҳи “Б” дастаҳои Русия, Белорусия, Озарбойҷон ва Гурҷистон байни ҳам рақобат мекунанд. Мукофоти умумии мусобиқа 20 000 доллар буда, 10 000-и он ба ғолиб дода мешавад. Барои ҷои дуюм 6000 ва барои зинаи сеюм 4000 доллар тақдим мегардад.