Сабукиҳои навбатии Русия ба муҳоҷирони қирғиз
Шаҳрвандони Қирғизистон аз ин ба баъд дар қаламрави Русия метавонанд, давоми 30 шабонарӯз бидуни ҳеч гуна қайде ба сар баранд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон, дар ин бора миёни ҳукумати ин кишвар ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия рӯзи 19 июн созишномае дар шаҳри Санкт-Петербург имзо шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар маросими имзои созишнома Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон низ ҳузур дошта, бо раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мулоқот ва вазъи муҳоҷирони кории қирғиз дар ин кишвар ва масоили вобаста ба онро баррасӣ кардааст.
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ин вохурӣ аз имтиёзи дигари кишвараш ба муҳоҷирони кории қирғиз хабар додааст. Ба гуфтаи Ромодановский, ба хотири пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди АвруОсиё муҳоҷирони кории қирғиз, ки вурудашон ба қаламрави Русия ба муддати се сол мамнӯъ шудааст, метавонанд, бо гузашти ними ин муҳлат дубора ба Русия оянд.