Сафари кории чаҳоррӯзаи Гуо Гэнмао ба Тоҷикистон
Гуо Гэнмао, раиси Кумитаи доимии Шӯрои намояндагони музофоти Хэнани Чин барои анҷоми сафари корие аввали ҳафтаи равон вориди шаҳри Душанбе хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сафари кории раиси Кумитаи доимии Шӯрои намояндагони музофоти Хэнани Чин ба Душанбе рӯзи 21 июн оғоз шуда, чаҳоррӯз идома хоҳад кард.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва сафорати Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.