Бародарон Восиевҳо баъди 10 соат муқобили ҳам ба майдон мебароянд
Тими футболи “Газовик”-и Оренбург, ки қарор аст бо дастаи “Истиқлол” сабқати дӯстона доир намояд, бегоҳии рӯзи 19 июн вориди Душанбе шуд.
Тавре дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” иттилоъ медиҳад, бозии дӯстона миёни “Истиқлол” ва “Газовик” шоми имрӯз, 20 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад.
Дастаи “Газовик” дар як ҳайати 33 нафар бо шумули Фарҳод Восиев, футболбози тоҷик зери роҳбарии Роберт Евдокимов, мураббии даста ба Тоҷикистон омад.
Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ дар ҳайати “Газовик” бозӣ мекунад. Дар бозии имрӯз ӯ муқобили бародараш - Дилшод Восиев, бозигари дастаи “Истиқлол” ба майдон мебарояд.