(ВИДЕО) Гурезаҳои афғон: Зиндагиямон мушкил аст
Гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон мегӯянд, ягона мушкили онҳо пайдо кардани ҷои кор аст. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш доранд, барои беҳтар кардани сатҳи зиндагияшон дар кишвар кумак намояд.
Абдулазиз валади Тағоймурод, як гурезаи афғон, ки аз соли 2009 ҳамроҳ бо зану панҷ фарзандаш дар Тоҷикистон ба сар мебарад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зиндагиашро хеле ба сахтӣ пеш мебарад: “Мушкили аслии мо пайдо кардани ҷои кор аст. Ман челонгарам, аммо ҳамеша кор пайдо намекунам. Бо маблағе, ки меёбам зиндагиам базӯр мечархад. Нархи иҷора ниҳоят гарон аст. Барои пардохти маблағи он аз ризқи кӯдакон мезанем”.
Суҳбати “Озодагон” бо оқои Тағоймурод дар чорабиние бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии гурезаҳо сурат гирифт. Ин чорабинӣ, ки Дарҳои боз ном дошт, имрӯз, 19 июн дар дафтари “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд”(RCVC)-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ӯ гуфт, тамоми бори хонаводаро ба танҳоӣ мекашад, чун ҳамсар ва фарзанди бузургаш, ки хонандаи синфи 10 аст, беморанд.
Шераҳмад гурезаи дигари афғон ҳам мегӯяд, зиндагиаш хуб нест. Ӯ, ки ду соли пеш аз зодгоҳаш -- вилояти Ғазнии Афғонистон ба Тоҷикистон омада ва ҳоло дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад, гуфт, то дарёфти корти гуреза хеле ранҷ кашид: “Ман маъюб ҳастам. Дар шаҳри Ваҳдат дар як дукончае асбобҳои барқӣ мефурӯшам. Маблағе, ки кор мекунам барои иҷора ва таъмини оилаам базур мерасад. Аз ҳамин лиҳоз хоҳиш дорам, аққалан барои пардохти иҷораам ба ман кумак кунанд”.
Лайлои Абдуғаффор аз дигар гурезаҳои ҳамсоякишвари мо аст, ки се фарзандашро тайи 7 сол ба танҳоӣ бузург мекунад. Ӯ сабаби гуреза шуданашро “душмандорӣ ва нопадид шудани шавҳараш” унвон карда гуфт, барои як хонуми бесарпарастбузург кардани се фарзанд ва чархондани як оила хеле душвор аст. Хонум Лайло мегӯяд, ҳоло дар чанд ҷой кор мекунад, аммо маблағи мегирифтааш ба харҷи роҳ ва пардохти иҷора сарф мегардад: “Аз давлат, аз ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба гурезагон хоҳиш дорам, сари бесарпарастон ва гурезагон як тасмими ҷиддӣ бигиранд”.
Мавҷуда Раҳмонова, раҳбари ташкилоти “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 2500 гуреза сабти ном шудааст. Аз ин теъдод 90 дарсадаш шаҳрвандони Афғонист ва боқӣ аз кишварҳое монанди Ироқ, Покистон, Қирғизистон, Украина будаанд. Хонум Раҳмонова мегӯяд, аз шароити будубоши гурезагон дар Тоҷикистон огоҳ аст: “Мо аз ҳолу аҳволи гурезагон огоҳӣ дорем. Медонем, ки дар чӣ шароит зиндагӣ доранд. Аксар гурезагон, имрӯз дар шаҳри Ваҳдат, навоҳии атрофи пойтахт ва Қӯрғонтеппаву Бохтар зиндагӣ мекунанд. Ҳоло ҳудуди 500 кӯдаки гурезаи афғон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва 250 нафар дар мактаби хусусии “Сомониён” таълим мегиранд. “Сомониён” барои нафароне аст, ки аз алифбои сирилик огоҳ нестан”.
Ӯ афзуд, соли равон СММ маблағгузории худро барои дастгирии гурезаҳо ду маротиба камтар намуд, “аз ҳамин лиҳоз кӯшиш дорем, то барои гурезагон шароити корӣ пайдо намоем”.
Неъматҷон Ҳотамов, сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, фарзандони ҳамаи гурезаҳое, ки дар Ваҳдат зиндагӣ мекунанд, пурра ба таълим фаро гирифта шудааанд.