Як сокини 27-солаи Душанбе дар қаллобӣ, ришвахорӣ ва сохтакорӣ айбдор мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 27-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар қаллобӣ, гирифтани пора ва сохтакорӣ муттаҳам мешавад.
Манбаъ мегӯяд, муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи шаҳри Душанбе даромада, барои ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замин аз ӯ 17000 доллари амрикоӣ гирифтааст: “Инчунин, гумонбаршуда баҳри амалӣ намудани нияти қаллобонааш шиносномаи техникӣ-ҳавлидории ба номи ҷабрдидаро аз моҳи августи соли 2008 дар ҳаҷми 0,04 га қитъаи замини мазкур сохтакорӣ карда, барои ин ҳуҷҷати қалбакиаш боз 1000 доллари амрикоӣ гирифтааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.