“Фейсбук”, “Одноклассники” ва Ютуб боз дар Тоҷикистон масдуд шуданд
Дар Тоҷикистон дубора дастрасӣ ба Шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Одноклассники” ва саҳифаи Ютуб маҳдуд шуд.
Бисёре аз корбарони интернет дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз нимаи рӯзи 18 июн ба ин сӯ наметавонанд, ба ин шабакаҳо ворид шаванд.
Масдудияти дастрасӣ ба Шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, “Одноклассники” ва саҳифаи Ютуб дар ҳолест, ки дирӯз 18 июн паёми нави видеоии Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ахиран ба ДИИШ пайваст, ба интернет роҳ ёфт.
Қаблан низ дастрасӣ ба ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ баъд аз пахши навори видеои аввал аз сӯи Гулмурод Ҳалимов маҳдуд шуда буд.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон баъд аз як моҳ бедаракӣ, рӯзи 27-уми майи соли равон тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дода буд.