Муҳоҷирони тоҷик дар дуздии "шинели Соколов-Соколёнок" муттаҳам мешаванд
Раҳбари собиқи осорхонаи низомӣ, ки дар Хонаи афсарони шаҳри Владимири Русия ҷойгир аст, дар дуздии “экспонат”-ҳои он муҳоҷирони тоҷикро муттаҳам кардааст.
Кирилл Хайров, раҳбари ин музей ба торнамои “Pro Город” гуфтааст, “экспонат”-ҳо замоне гум шуданд, ки директори пешини Хонаи афсарон барои таъмири бино тоҷиконро ҷалб кард: “Онҳо ҳамаро дуздиданд”.
Ин дар ҳолест, ки дар гум шудани “экспонат”-ҳо худи Кирилл Хайров гумонбар дониста мешавад. Ӯ гуфтааст, “агар дар робита ба дуздӣ маро ба додгоҳ бикашанд, ман шикояти ҷавобӣ хоҳам кард”.
Торнамо аз қавли Василий Никитенко, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Владимир мегӯяд, аз осорхона “экспонат”-ҳои гаронарзиш ғайб задааст: “Орден, медал, гранатомёт, пушка, милтиқи Мосин, модули киштиҳои ҳарбӣ, чандин гранат, шинели Соколов-Соколёнок, либоси ҳарбии баҳрии солҳои 1950-ум ва ғайраҳо дуздида шудаанд”.