Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар Душанбе хонандаи синфи 1 ҷони худро аз даст дод.
Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи гузашта дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хондай старекс» Нурулло Собирови 23- сола аснои ҳаракат бо суръати баланд, ба кӯчаи Айнӣ, аз самти кӯчаи Зебунисо ба ҷониби кӯчаи Мирзобек дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии 108 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел -Астра», таҳти идораи Абдусамад Саидови 64 сола, ки ба як самт ҳаракат мекарданд, бармехӯрад. Баъдан, ба самти муқобил баромада, ба сабукрави тамғаи «Опел Астра», ки таҳти идораи Раҳмоналӣ Мусофирови 41- сола ҳаракат мекард бармехурад. Дар натиҷа мусофирони дохили «Опел Астра» ноболиғи 7 сола Қурбонгули Раҳмоналӣ, сахт захм бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва ноболиғи 10 сола Рисолати Раҳмоналӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода мешавад.
Ба иттиллои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, 10 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд.{jathumbnail off}