Таъкиди муовини сарвазир ба суръат бахшидани корҳо дар нақбҳои роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони нақбҳо дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон боздид кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, муовини сарвазири Тоҷикистон ҳангоми шиносоӣ хостори суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон шудааст. Манбаъ мегӯяд, то ҳол корҳои сохтмонӣ дар нақби аввал аз ду ҷониб, дар нақби дуюм аз яктараф ва дар нақби сеюм корҳои омодагӣ рафта истодааст.
Сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвон дар масири роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли 2009 оғоз ёфтааст, мувофиқи нақша бояд дар соли 2017 ба анҷом расонида шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15 май ба сохтмонӣ ин нақбҳо дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон оғоз бахшида, гуфт, дар ҳолати оғози рафтуомади қатораҳои байнишаҳрии Душанбе - Ваҳдат - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб робитаи ду минтақаи калони кишвар дар тамоми сол таъмин гардида, равуои сокинони мамлакат хеле осону бемамониат ва нархи роҳкирову интиқоли маҳсулот ба маротиб арзон мешавад: “Мувофиқи лоиҳа арзиши сохтмони хатти роҳи мазкур беш аз 800 миллион сомониро ташкил дода, 40,7 километрро дар бар мегирад. Барои сохтмони роҳ 3755 метр нақб, 8 пул ба дарозии умумии 764 метр ва даҳҳо иншооти дигар бунёд карда мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон он замон ба ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дод, ки корҳои сохтмони роҳи оҳанро ҳарчи бештар суръат бахшида, дар муҳлати муқарраршуда онро бо сифати баланд ба истифода диҳанд.