“Шоҳ лухт аст”
Азизи НАҚИБЗОД
Аз рӯзе, ки дар ноҳияи Дарвоз кашф гардидани шаҳри қадимае бо номи Карон овоза шуд, ба ҳақиқаташ шубҳа доштам. Вақте, ба аксҳои Карон дар саҳифаи фейсбукии “Карон” таваҷҷуҳ кардам, шубҳаам дучанд гардид. Бо андешаи онки ин баҳси илмисту бигзор бостоншиносон ва муаррихон хулоса бароранд, аз изҳори назар худдорӣ намудам. Вале боварам буд, ки рӯзе нафаре хоҳад гуфт, ки “шоҳ лухт аст!”
Сафари гуруҳи олимон дар ҳафтаи гузашта ба Карон ва хулосаашон дар Академияи илмҳо баҳси қадимӣ будану набудани Каронро дубора “гарм” кард. Узви ин гуруҳ Набиҷон Раҳимов шаҳри Каронро яке аз марказҳои бузурги маданияти Бохтари бостон ва Тахористони асримиёнагӣ унвон кардааст. Ин гуруҳ ки зери роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмон аз “экспидиция”-и Карон тоза баргаштаанд, хулоса баровардаанд, ки ин мавзеъ воқеан қадимист. Шояд қадимӣ будани Карон ҷои шубҳа надошта бошад. Зеро чунин қалъаҳо дар бисёре аз минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон вуҷуд доранд. Аммо шаҳр будани Карон шубҳабаранзез аст. Тавре дар аксҳои Карон дида мешавад, осори боқимондаи Карон дар болои кӯҳ ҷойгир шуда ва як тарафаш ҷарӣ мебошад. Мантиқи дар як ҷои танг ва сари кӯҳ бунёд ниҳодани шаҳр аз ҷониби аҷдодонамонро намефаҳмам.
Хуллас, ҳамоне ки бояд мегуфт, “шоҳ лухт аст” садо баровард. Академик Раҳим Масов. Ин муаррих дар муаррифии натиҷаҳои пажуҳиши ин гуруҳ гуфтааст, ки роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ соли 1940 сохта шуд. Пештар онҷо роҳи пиёдагард ҳам набуд. Болои дарёҳо овринг месохтанд. Чӯбҳои овринг пӯсида асбу хар ба дарё меғалтиданд. Гузаштани корвон аз инҷо амри маҳол буд. Корвонҳо аз Бадахшон, Ҳиндустон, Покистон аз роҳи Мурғоб мегузаштанд. Ҳамчунин Масов суол гузошта, ки таъминоти шаҳр аз куҷо меомад? Зимистон дар кӯҳистон 20-30 дараҷа хунук меояд.
Қалъа будан ва қадимӣ будани Карон боваркарданист. Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин қалъаҳо дар аксар минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон вуҷуд доранд ва ҳамагӣ қадим мебошанд. Калъаи Вамар дар Рӯшон, қалъаи Қаҳ-қаҳ дар Ишкошим, қалъаи Баранҷа дар Шуғнони Афғонистон. Дар Истаравшан, ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент низ чунин қалъаҳо зиёданд. Танҳо дар зодгоҳи инҷониб чор қалъаи қадима мавҷуд аст: қалъаи Амшуд, қалъаи Ҳисорак, қалъаи Зойтуда ва қалъаи Мошӯ. Баҳси чӣ нақш доштани ин қалъаҳоро ба мутахассисон вогузор менамоем, аммо дақиқан ҳеч кадоме аз ин қалъаҳо шаҳр набудааст.
Шаҳри Истаравшан, ки бостонӣ буданаш аз ҷониби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ исбот шудааст ва дар сарчашмаҳои таърихӣ зикраш рафта, то имрӯз нишонаҳои шаҳр буданаш ва шаҳрӣ будани аҳолиаш барало рӯшан аст. Истаравшаниҳо нони саҳархӯриашон аз нони ноштояшон фарқ мекунад. Аммо Каронро, ки мегӯем шаҳр буда, оё чӣ нишонае аз унсурҳои шаҳрсозии аҷдодонамонро кашф кардаем? Оё дар Карон ҳамом буда аст? Ҳоло ки дар тамоми куҳистони тоҷик хоҳ Зарафшон хоҳ Бадахшону Хатлон тоза дар хонаҳояшон ҳамом дуруст мекунанд. Ва шояд беш аз 50 дарсадашон то ҳануз ҳамом надоранд.
Дар баҳсе дар бораи Карон дӯстон гуфтанд, ки агар ҳатто онҷо шаҳре набуд, бояд бигӯем, ки шаҳр буд ва аз ин бурд мекунем на бохт. Зеро як гӯшаи Ватан бо ин баҳона обод мешавад. Худо кунад, ки ҳамаи гӯшаҳои Ватани азиз обод гардад. Аммо барои обод кардани ҳар гӯшаи Ватан баҳона чӣ даркор? Магар бидуни баҳона намешавад онро обод кард? Барои ободкорӣ ва ҷалби гардишгарӣ шарт нест, ки таърих таҳриф гардад ва илм ба истеҳзо кашида шавад.
Дигар инки як доктори қазоқ дар китобаш чанд сол пеш навишт, ки Пайғамбари акрам қазоқ буд. Кӣ бовар кард? Магар ун “олим” обурӯ гирифт? Аз ҳама муҳим миллати мо таърихи дақиқи ифтихорбарангезро дорост ва ба ҳеч таърихи сохта ниёз надорад.