ВИДЕОИ нав: Аз “душманӣ” миёни Ҳалимов ва Абухолиди Кӯлобӣ то таҳдид ба бародар
Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД, ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ахиран ба ДИИШ пайваст, бо пахши як навори видеоии ҷадид алайҳи афроде баромад кардааст, ки ҳадафи полковникро аз пайвастан ба ДИИШ қатли Нусрат Назиров, раҳбари ҷангҷӯёни тоҷики ДИИШ гуфтаанд.
Дар ин навори 2 дақиқаю 51 сониягӣ, ки шаби 17 ба 18-уми июн дар интернет нашр шуд, Гулмурод Ҳалимов, миёни ду ҷавони дигар қарор дорад ва ибтидо як ҷавони зоҳиран тоҷик бо забони гуфтории шевагӣ ба суҳбат оғоз мекунад. Ба гуфтаи ин ҷавон миёни ҷангиёни ДИИШ овоза паҳн кардаанд, ки гӯиё Ҳалимов барои куштани Фурқон (Нусрат Назаров, сокини 39-солаи Кӯлоб, ки гӯиё роҳбарии ҷангиёни тоҷики ДИИШ-ро ба уҳда дорад) омадааст. Ин ҷавон бо агушт ба Ҳалимов ишора карда мегӯяд, “как будта, генерал барои куштани Фурқон омадааст. Ин ҳама фитна аст...”
Ҳалимов дар идомаи сухани ин ҷавон мегӯяд, Фурқон бародараш аст ва то қиёмат хоҳад монд. Ҳалимов бо ишора ба силоҳ афзуд, агар ба хато нашавад, ба ҷуз кофиру муртад каси дигареро намекушад: “Агар додари ман, акаи ман муртад шавад, ман ӯро сар хоҳам бурид. Ва хоҳам кушт, агар муқобили мо ҷанг кунад”.
“Фурқон Фаластин”, ки дар навори нави Гулмурод Ҳалимов сухан дар бораи ӯ меравад, Нусрат Назаров, сокини 39-солаи Кӯлоб мебошад, ки чандин наворҳояш дар интернет пахш шудаанд. Ба гуфтаи худи Назаров ҳудуди 1,5 сол пештар ба сафи гурӯҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ инчунин бо лақабҳои “Махсуми Нусрат” ва “Абӯхолиди Кӯлобӣ” маъруф аст ва гӯиё дар Сурия гурӯҳи тоҷикони ин ҳаракати террористиро раҳбарӣ мекунад.
Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми май пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алаҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.