Рақиби “Истиқлол”-и Душанбе дар даври ¼ -и Ҷоми Осиё маълум шуд
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2015 бо тими “Паханг”-и Малайзия рақобат хоҳад кард.
Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, қуръакашӣ барои муайян кардани ҷуфтҳои даври чорякниҳойӣ имрӯз, 18 июн бо иштироки намояндаҳои 8 даста дар шаҳри Кула-Лумпур, қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, қувваозмоии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2015 миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Паханг” рӯзи 26 август дар Душанбе ва бозии ҷавобии он 16 сентябр дар Куантана сурат мепазирад.
Дар ҳоли пирӯзӣ тими “Истиқлол” дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби бозии миёни дастаҳои “Кувейт”- и Кувейт ва “Китчи”-и Ҳонконг рақобат мекунад.