Шигифтзадагии Кабирӣ аз хабари “заминфурӯшӣ”-ю парвандаи ҷиноӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло дар хориҷ қарор дорад, аз нашри хабарҳо дар мавриди эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ дар Ватан бо иттиҳоми заминфурӯшӣ, нигаронӣ кардааст.
Ӯ шоми 17 июн дар конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ: Чолишҳои муосир” дар шаҳри Маскав иттиҳоми муаллифи матлаби “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати кишвар алайҳи худро рад карда, таъкид кардааст, маконеро, ки 17 соли пеш фурӯхт, моликияти шахсии худаш буд. Раиси ҲНИТ гуфта, “ман бисёр шигифтзада шудам, ки дар арафаи таҷлили Ваҳдати миллӣ тавассути расонаҳои расмии кишвар эълон мекунанд, ки гӯиё алайҳи ман дар Ватан парванда боз мешаваду гӯиё ман 17 соли пеш моликияти шахсии худро нодуруст фурӯхтаам. Чи гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, дар ҳоле ки макони фурӯхташуда моликияти шахсии ман буд. Ба ҳар ҳол, агар масъалаи ҳалношудае бо ман мешуд, имкон буд, баъди таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ба миён гузоранд. Дар ҳоле ки дар муддати ин 17 соли гузашта ман ду бор вакили парлумон интихоб шудааму қонунҳои авфи зиёде қабул гардидааст”.
Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, вақтҳои охир бандҳои созишномаи сулҳ аз сӯи мақомоти давлатӣ шадидан нақз мешавад ва ин ҳама боис шуд, то Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо номаи бозе ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз ин ҳама шикоят барад: “Мо ин масъаларо дар сатҳи парлумону ҳукумат ба миён гузоштем ва ҳатто ба мақомоти қудратии кишвар муроҷиат кардем, вале ба муроҷиатномаи 189-саҳифаии мо, ки дар он тамоми таъқибу фишорҳо алайҳи пайравони ҳизб дарҷ шуда буд, вокунише нишон надоданд. Бовар дорем, сарвари давлат ҳамчун нафари имзонамудаи созишномаи сулҳ ва кафили иҷрои Сарқонун, ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард”.
Раиси ҲНИТ афзудааст, фишорҳо алайҳи ҳизби ӯ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2010-и Тоҷикистон, ки дар он ин ҳизб раъйи бештари мардумро ба даст овард, оғоз шуд: “Дар интихоботи парлумонии соли равон ҳизби мо на ҳамчун як ҷониби сулҳ, балки ҳамчун душмани бозарфияти халқи тоҷик шинохта шуд. Дар арафаи ин маъракаи сиёсии кишвар расонаҳо матолиби зиёдеро ба нашр расонданд, ки дар онҳо ҲНИТ дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам мешуд. Талош карданд, мафкураеро ба миён оранд, ки гӯиё ҲНИТ ба оянда ва Ваҳдати милии тоҷикон зарар дорад. Интихоботи парлумонии соли 2015 нуқтаи авҷи ин маърака буд. Моро на танҳо ба парлумон роҳ надоданд, балки бо вуҷуди он ҳама таҳлилу интизориҳо фисади овозеро доданд, ки барои як ҳизби аз рӯи шумори аъзо ва нуфӯз дар ҷумҳурӣ мақоми дуюм дорад, таҳқиромез мебошад. Бо ин ҳол низ, мо аз он фоҷеа насохтем. Фикр кардем, ҳукумат парлумони бидуни мухолифро соҳиб шуду ба ҳадафаш расид. Вале баъд аз интихобот таъқибу фишори пайравони ҳизб пурзуртар шуд”.
Раиси ягона ҳизби расмии исломӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид карда, фишору таъқиб алайҳи пайравони ҲНИТ ба нафъи амну суботи Тоҷикистон набуда, мунҷар ба афзоиши гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои террористию ифротӣ, аз қабили ДИИШ-у “Толибон” ва “Алқоида” хоҳад шуд: “Замоне расидааст, ки бонги хатар зада шавад, чун эҳтимоли таркиши вазъ ба ҳадде зиёд аст, ки фардо дер хоҳад шуд. Аксарият бар ин назаранд, ки таҷрибаи муколамаи мусоламатомези мо бо ҳукумат ва ҳамкорӣ дар асоси қонунҳои демократӣ ба кор нарафт ва намояндаҳои зиёди ҷавонон низ аз ин норозиянд. Ҳоло ҳам мо фурсате барои фаҳмонидан дорем, ки рафтан ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ ғалат аст. Вале барои он ки ба онҳо умеде ба оянда диҳем, бояд роҳи алтернативиеро нишон дод. Магар дар сафи як ҳизби қонунии сиёсӣ будан, ки сарқонуни кишвару ҳукумати дунявиро қабул дорад ва низ аз таҷрибаи ҳамкории мусоламатомез бо аҳзоби сиёсии дигар баҳравар аст, беҳтар аз рафтан ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ ё “Алқоида”-ву “Толибон” нест?!”
Ӯ дар идома гуфтааст, “Гулмурод Ҳалимов, собиқ полковники дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъд аз пайвастанаш ба ДИИШ хеле хуб фаҳмонд, ки барои чӣ ӯ ин тасмимро гирифт. Ҳалимов гуфт, вақте дар ҷаласаи вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур шуд, то барои паст задани шаъну шарафи занони муҳаҷҷабаи тоҷик фоҳишаҳоро ҷалб кунанду бо пӯшидани либосҳои исломӣ филме ба навор гиранд, ӯ дигар тоқат карда натавонист ва фикр мекунам, нафарони ба мисли Гулмурод низ ҳоло кам нестанд. Ман ин ҳамаро барои он мегӯям, ки кишварҳои кафили созишномаи сулҳ - Афғонистон, Покистон, Русия, Эрон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд як каме дар мавриди суботу амният дар Тоҷикистон масъулияте эҳсос кунанд. Бахусус дар пасманзари афзоиши гаравидани ҷавонон ба саффи гуруҳои ифротӣ”.
Ин нигаронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҳолест, ки ахиран “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.
Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.