Қатли Ниёзалӣ Нуралиев-давоми куштори тоҷирони тоҷик дар Забайкал
Ниёзалӣ Нуралиев, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, соҳиби қаҳвахонаи "Сытый папа" дар Чита ба қатл расонда шудааст.
Тавре мақомоти Русия иттилоъ додаанд, ҷасади Нуралиев 15-уми июн, аз ҷангалзори назди Чита дарёфт гардида, ӯ аз зарби 4 тир дар қисмати сару сина ҷон додааст: “Аз назди ҷасад силоҳи куштор ва дар наздикиҳои ҷои куштор мошини Нуралиев ёфт шудааст. Ӯ дар Ватан ҳамсар ва ду фарзанд доштааст”.
Мақомоти Русия мегӯянд, феълан барои куштор ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Расонаҳои Русия мегӯянд, ин аввалин куштори тоҷирони тоҷик дар минтақаи Забайкал набуда, инчунин хотиррасон кардаанд, ки 10-уми июн тоҷири дигари тоҷикистонӣ, Хуршед Ибодови 37-сола бедарак шудаааст. Ибодов, ки ба сохтмони хонаҳо барои зарардидагон аз сӯхтор машғул будааст, шаби 10-уми июн дар роҳи бозгашт ба хона нопадид шудааст: “Ӯ зани рус дошта, соҳиби чор фарзанд-се духтар ва як писар мебошад”.
Инчунин қатли Мирраҳим Раҳимов зикр шудааст, ки 2-юми январи соли гузашта дар фурӯшгоҳи меваҷоташ паронда шуду омилони он то ҳол ёфт нашудаанд. Аз ин пештар ду бародари дигари тоҷик дар ин минтақа аз ҷониби як сокини маҳаллӣ бо норинҷак тарконда шудаанд.