ВИДЕО: "ОШтала" дар Хуҷанд
Ҷамшеди МАЪРУФ
Дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ва бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии Суғд - шаҳри Хуҷанд, 2 тонна биринҷро дар 80 дег барои тахмин беш аз 10 ҳазор нафар ош карданд.
Нахустин ҷашнвораи “Оши палов”, ки ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси вилоят, ба 18-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд.
Ҷашнвораи мазкур барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Оши палов” чанд номгӯи озмунро, ки аз 1 000 то 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дошт, муқаррар намуда буд, ки яке аз онҳо “Ошхури беҳтарин” (2 000 сомонӣ мукофотпулӣ) унвон дошта, мардумро низ сари мизи “Ошхури беҳтарин” ҷамъ карда буд. Яъне, ҳамин “номинатсия” барои аксари мардум бештар аҷоибу шавқовартар ба назар мерасид. Вақте табақҳои ошро назди “ошхурони беҳтарин” ё ба қавли мардум, “пурхӯрони беҳтарин»” оварданд, ҳаҷми табақҳо хурду калон буданд ва дар баъзе аз сари табақҳо ду нафарӣ нишастанд, ки озмун аллакай дар ҳамон лаҳза ҷаззобияти хешро гум карду боиси нигаронӣ гашт...
Вале саҳнаи аз ҳама намедонам, аҷиб гӯям ё ҳайратангез гӯям, хулоса саҳнае буд, ки дар назди соҳили дарёи Сир ошпазони моҳиру чирадасти вилояти Суғд барои мардум дар дегҳои калонҳаҷм оши палов мепухтанд. Ҳар нафар кушиш мекард, ки аз ин навъи таом як каме бошад ҳам, истеъмол намояд. Дар баробари истеъмол кардан, боз бо табақу табақча ва тағорачаҳои худ дар навбат истода, барои гирифта бурдани ош ба хона назди дигар пайвандон ва ё ба дидани беморе ба беморхона, онро “тала” мекарданд, ки ҳоло яке аз ин наворҳоро манзуратон медорем.
ВИДЕОИ "ОШтала" дар Хуҷанд:
Пас, ин чӣ гуна ҷашнвора буд - эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди он, тарғиби нафс ё чизи дигар?