Шукурҷон Зуҳуров дар парлумон: То кай вазорату кумитаҳо бо чунин тарз кор мекунанд?
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии парлумонӣ, ки чоршанбеи 17 июн баргузор шуд, аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар интиқод кард.
Танқиди оқои Зуҳуров дар пайи мухолифати Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” ва пешниҳодаш ба моддаи 19-и ин лоиҳа, садо дод. Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист аснои баромадаш дар парлумон иброз дошт, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” ба ҷаласаи дигар гузаронида шавад ва тамоми камбудиҳое, ки дар лоиҳаи мазкур вуҷуд дорад, бартараф гардад. Номбурда илова намуд, ин лоиҳа ба таври расмӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист мувофиқа нашудааст ва миёни лоиҳаи мазкур ва қонуни амалкунанда мухолифат вуҷуд дорад.
Шукурҷон Зуҳуров баъди баромади муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар хитоб ба ӯ гуфт: “Шумо дар куҷо будед то ин вақт? Чаро бо Кумитаи экологии парлумон кор накардед? Доир ба ин масъала бояд бо вакилони парлумон нишаста, кор мекардед. Дар рӯзи баргузории ҷаласа аз минбари парлумон мегӯед, мухолифат вуҷуд дорад. Ҳол он ки ин лоиҳаи қонунро ҳуқуқшиносҳо баррасӣ намудаанд, хулосаи ҳукумат аст. То ба кай вазорату кумитаҳо бо чунин тарз кор мекунанд?”
Олимҷон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони лоиҳа ба ин баҳс ҳамроҳ шуда гуфт, шояд Шамс Назаров аз расмиёти лоиҳаи қонун хабар надорад, дар ин самт хулосаи ҳукумат ба парлумон расидааст. Ба қавли Олимҷон Сафаров миёни қонуни амалкунанда ва лоиҳаи нав ягон мухолифат вуҷуд надорад: “Шамс Назаров мухолифатро дар моддаи 19, бандҳои 2 ва 5 дар назар дорад, зеро дар ин модда ба ҷои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “мақомоти дахлдори давлатӣ” навишта шудааст, ин мафҳум далели он аст, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин масъала мақоми масъул аст”.
Шукурҷон Зуҳуров ҳарфи Шамс Назаровро дар мавриди тағйирот дар моддаи 19-и лоиҳаи қонуни мазкур қобили қабул надонист ва гуфт, агар парлумон аксарияти номи вазоратҳоро дар ин ҷо навиштан гирад, пагоҳ бо дигар шудани номи вазорат зарур меояд, қонуни нав қабул кунанд: “Лекин ин қонун мумкин барои 20 сол, барои 50 сол аст. Мақомоти дахлдор, ки шуд, дар низомномаатон, ки шумо бошед, ҳамон корро шумо мекунед ё ин ки дигар мақомоти дахлдор дар баробари шумо бошанд, онҳо низ мекунанд, ин фақат як масъалаи шумо нест”.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома аз Шамс Назаров пурсид, чаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳти зист дар ҷаласаи парлумон иштирок надорад. Назаров дар ҷавоб гуфт, раисашон дар сафари хидматӣ қарор дорад. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, агар дар сафари хидматӣ аст, бояд огоҳ мекард ва таъкид кард, аз ин ба баъд “ҳама вақт раисатон омада, ширкат кунад. Ӯ афзуд: “Меоед кор мекунед ним моҳ, боз намефаҳмед, ки чи гуфта истодаед. Наход одам нафаҳмад, ки мақомоти дахлдор, агар соҳаи кишоварзӣ бошад, Вазорати кишоварзӣ аст, низомнома аст, ҳукумат муайян мекунад, пагоҳ Вазорати кишоварзиро номашро мекунанд вазорати хоҷагии қишлоқ, мо боз қонунро дигар кунем, ҳукумат мақомоти дахлдорашро муайян мекунад, кор мекунед. Ягон пешниҳоди манфиатнокатон нест, фақат номи вазоратро дар назар доред, ки мо бошем. Номи мо бошад, як ҷо ки рафтем бояд гӯем, ки мо бояд ин корро кунем, вазъияти экологӣ дар ҷумҳурӣ чи хел аст, худи як шаҳри Душанбе шаҳри тоза буд, ҳозир чӣ аҳвол дорад, дар ин бора фикр нест. Як ҳуҷҷат, як справка талаб мекунам дар масъалаи экологӣ, ки мо бо давлатҳои ҳамсоя доштем, ягон чизро ташкил карда наметавонед. Як чизро дуруст санҷида, дода наметонед, ки дар сарҳади Суғд чи аҳвол аст, чи гап аст, чи хел аст ҳамон муҳит, як лабараторияи сайёрро дар 10 сол ташкил кардед. Худи ТАЛКО- ро дуруст намедонед, ки чи вазъият дорад”.
Шукурҷон Зуҳуров ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, дар амалӣ гардонидани қонунҳо бештар кор кунанд ва таъкид кард, мумкин ӯ аз камтаҷрибагиаш чунин пешниҳодро кардааст: “Мумкин ин аз камтаҷрибагӣ бошад. Дар ҳамин 6 сол ман кам бо чунин нороҳатӣ гап мезанам, ками кам. Вакилон аз он даъват ба ин даъват ба ҷои Шумо шишта, қонунҳоро пешниҳод карданд. Шумо бояд пешниҳод кунед қонунҳоро”.
Дар ин ҷаласа баъд аз баромади чанд вакили маҷлиси намояндагон ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” он ба овоз монда шуд ва аз ҷониби вакилон қабул гардид.