Эмомалӣ Раҳмон: Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Сулаймон Демирел, президенти собиқи Туркия унвонии Раҷаб Таййиб Эрдуғон номаи тасаллият ирсол кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад: ”Шодравон яке аз ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат буд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод”.
Дар идомаи ин барқияи тасаллият омадааст: “Маҳз дар замони раҳбарии марҳум ва ба шарофати ӯ асосҳо ва таҳкурсии муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия поягузорӣ шуда буданд. Ва ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки Сулаймон Демирел, сарфи назар аз вазъи ноором ва вазнини кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият, яке аз аввалинҳо шуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд”.
Президенти кишвар даргузашти Демирелро барои Туркия талафоти гарон хонда, гуфтааст, “дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардӣ ва тасаллиёти амиқу самимии худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Туркия изҳор медорам”.