“Вавилон-М”: Баҳси мо бо Кумитаи андоз идома дорад!
Масъулини ширкати “Вавилон-М” хабарҳо дар бораи муваззаф шудани ин ширкат аз сӯи Додгоҳи қонунии асосии Тоҷикистон барои пардохти маблағи баҳсӣ ба Кумитаи андозро рад карданд.
Холиқназар Ҷумаев, сухангӯи ширкати “Вавилон-М” рӯзи 17 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, баҳси онҳо бо Кумитаи андоз идома дорад ва онҳо бовар доранд, ки ин қазия ба таври мусбат ҳалли худро меёбад.
Сухангӯи ширкати “Вавилон-М” мегӯяд, додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон танҳо қарор қабул кардааст, ки банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 12, 32 ва 45-и Сарқонуни кишвар мутобиқат мекунад.
Ба гуфтаи ҷаноби Ҷумаев, азбаски Низомномаи мазкур ҳанӯз соли 1999 қабул шуда, баъди он Кодекси андози ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба иваз шуд, раҳбарияти ширкат барои муайян кардани мутобиқати ӯ бо моддаҳои 12, 32 ва 45-и Сарқонуни кишвар ба Додгоҳи қонунии асосии кишвар муроҷиат кард: “Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарори худ шарҳ дод, ки Банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад”.
Сухангӯи ширкати “Вавилон-М” афзуд, ҳар чанд ин масъала ба қонуни будани рафти тафтишот ва баҳси онҳо бо Кумитаи андоз марбут аст, вале ин қарори Додгоҳи қонуни асосии кишвар ба 341 миллион сомонии баҳсӣ рабте надорад: “Суди Конститутсионӣ дар ҳеҷ куҷои ҳалнома ширкати Вавилонро муваззаф накардааст, ки малбағи баҳсиро пардохт намояд. Баҳси мазкур ҳанӯз идома дорад ва мо боварӣ дорем, ки ҳалли мусбии худро меёбад”.