Раҳбари ФСБ ДИИШ-ро ядрои терроризми ҷаҳонӣ гуфт
Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” (ДИИШ)-ро ядрои терроризми ҷаҳонӣ унвон кардааст. Ӯ ин нуктаро аснои суханронӣ дар ҳамоише бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Маркази зиддитеррористии ИДМ баён карда, гуфтааст, ДИИШ метавонад сабаби ташаннуҷи авзоъ дар ҳудуди кишварҳои муштаракулманофеъ, ба вижа Осиёи Марказӣ шавад.
Ба ин тартиб, Александр Бортников қавӣ сохтани ҳамкориҳо бо хадамоти махсуси кишварҳоеро, ки дар онҳо зархаридони гуруҳи “Давлати исломӣ” ҳузур доранд, зарур хондааст.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои Андрей Навиков, раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ навиштаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ҳудуди 2 ҳазор нафар, ки шиносномаи Русияро доранд, меҷанганд.
Бино ба омори расмӣ беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба ин гуруҳ пайвастаанд.