Пажуҳиш: Сулҳ дар Тоҷикистон устувортар шудааст
Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақараш дар Сиднеи Австралия, дар гузориши ҷадидаш “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2015” ё худ “Global Peace Index-2015” Тоҷикистонро миёни 162 кишвари дунё дар мақоми 108-ум қарор додааст. Соли 2014 Тоҷикистон аз рӯи нишондоди сулҳ дар ҷои 126-ум ва соли 2013 дар мақоми 118-ум қарор дошт.
Пажуҳишгоҳ дар гузориши ҷадидаш, ки натиҷаи омӯзиши ҷомеашиносону иқтисоддонҳои марказҳои илмии Австралия ва ИМА мебошад, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистонро дар ҷойи 87, Туркманистон - 106, Узбакистон -113 ва Қирғизистонро дар мақоми 121 –ум қарор додааст. Гузоришгарон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ситоиш карда навиштаанд, ки “ин кишварҳо бо паст кардани хушунат ва ноустувории сиёсӣ беҳбудии мутавасит нишон додаанд”.
Русия монанди соли гузашта дар ин раддабандӣ дар мақоми 152-уми қарор дорад. Украина аз мақоми 142 ба 150-ум баромадааст. Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки “кишварҳои ИДМ мисли пештара дар ин раддабандӣ мавқеи заиф доранд. Ин инъикосдиҳандаи мавқеияти ғолиби амниятӣ, муноқишаҳои марзӣ, таҳдиди баланди ноустувории сиёсӣ ва сатҳи баланди маҳдудияти озодӣ мебошад”.
Кишварҳои Ирландия, Дания ва Австрия дар садри ин раддабандӣ қарор доранд.
Пажуҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия мегӯяд, ин раддабандӣ бо назардошти 23 нишондод, аз ҷумла сатҳи зӯроварӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, шумораи фавтидагон дар ҷангҳои берунӣ, шумораи гурезаҳо, сатҳи ҷинояткориҳои вазнин, имкони сар задани амалиёти терористӣ, содироту воридоти намудҳои муқарарии аслиҳа, хароҷоти ҳарбӣ, миқдори қувваҳои мусаллаҳ, миқдори милисаҳо нисбати аҳолии кишвар, фоизи маҳбусон, шумораи хориҷиёни дар кишвар ҳалокшуда, сатҳи саводнокӣ ва пайравӣ аз меъёрҳои демократия дар сиёсат таҳия гардидааст.