Қатар хостори лағви ҳукми эъдом ва раҳоии Муҳаммад Мурсӣ шуд
Мақомоти Қатар аз эълони ҳуки эъдом алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср шадидан ибрози нигаронӣ карда, хостори раҳоии ӯ шудаанд.
Хабаргузории расмии Қатар рӯзи 16 июн аз қавли мақомҳои баландпояи ин кишвар навиштааст, “Давҳа аз мавқеи кишварҳое ҳимоят мекунад, ки хостори лағви ҳукми эъдом ва раҳоии фаврии Муҳаммад Мурсиянд”. Ин хабаргузорӣ таъкид кардааст, ки эълони ҳукмҳои эъдом алайҳи мухолифони сиёсӣ дар Миср боиси барҳам задани амну субот ва иттифоқу ҳамбастагӣ миёни мардуми ин кишвар хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ аз эълони ҳукми эъдом алайҳи Муҳаммад Мурсӣ ва мақомҳои баландпояи ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё “Ихвонулмуслимин” дар Миср нигаронӣ карда, онро “қатли омми қонун” хонд.
Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира рӯзи 16 июн баъд аз равшан шудани мавқеи муфтии Миср дар робита ба ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешин ин кишвар қарори ниҳоии худро эълон кард. Бар асоси ин қарор, раисҷумҳури пешини Миср ва Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҳаракати Бародарони мусулмон тибқи парвандаи “куштори нигаҳбонони зиндон ва фирор аз маҳбас дар соли 2011” айбдор дониста шуда, ба эъдом маҳкум шудаанд. Инчунин ин ду раҳбари аршади ҳаракати “Бародарони мусулмон” рӯзи 16 июни соли равон дар пайи баррасии парвандаи баҳсбарангези “ҷосусӣ” ба ҳукми абад низ маҳкум гардидаанд.
Қаблан Додгоҳи ҷиноии Қоҳира дар пайи баррасии “куштори нигаҳбонони зиндон ва фирор аз маҳбас дар соли 2011” Муҳаммад Мурсӣ ва беш аз 100 ҷонибдорашро ба эъдом маҳкум карда буд. Вале эълони ҳукми ниҳоӣ, ки қарор буд, рӯзи 2 июни соли равон баъд аз машварат бо муфтии Миср эълон шавад, ба рӯзи 16 июн ба таъхир афтод.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, ки худи Мурсӣ ва пайравонаш онҳоро туҳмат медонанд.