Таҳияи барномаи “Призывник” барои даъватшаванда ва сарбозони тоҷик
“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, барои даъватшаванда ва сарбозони Тоҷикистон барномаи нави телефонҳои ҳушманд сохтааст.
Тавре аз ин ташкилоти ғайридавлатӣ ба “Озодагон” гуфтанд, барномаи мазкур “Призывник” ном дошта, чор китоб, аз ҷумла “Китоби ҷайбии сарбоз”, “Китоби сарбоз” ва китоби ибтидоии сарбозиро ба забони тоҷикӣ ва русиро дар худ дорад.
Ин китобҳоро “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” таҳия карда, ҳадафи онро “ҳифзи ҳуқуқи сарбозон” мегӯяд: “Инчунин аз тариқи ин барнома сарбозон метавонанд ба масъулони созмон дар тамос шаванд”.