Боздиди марзбонҳои № 1-и ИДМ аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Раҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар ҷараёни сафарашон ба Тоҷикистон аз марзи кишвар бо Афғонистон низ боздид хоҳанд кард.
Тавре аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии кишвар хабар доданд, боздиди раҳбарони мақомоти марзбонии давлатҳои узви ИДМ аз хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 19 июни соли равон сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, инчунин онҳо ба дидани дастаҳои сарҳадии “Ҳамадонӣ” ва “Шӯрообод”-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хоҳанд рафт.
Аз 18 то 19 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 73 -юми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои узви ИДМ баргузор шуда, дар он раҳбарони мақомоти марзбонии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, дар ин ҷаласа масоили ҳамкорӣ, танзими вазъияти буҳрономез дар марзҳо, мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, нашъаҷалобӣ ва қочоқ баррасӣ шавад.