Боздошти 2 “шикорчӣ” дар Мурғоб: Яке барои қатли келин, дигаре барои гусфанди нодир
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти "шикорчиён" дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон иттилоъ дод, ки яке дар қатли келини худ ва дигаре дар шикори ғайриқонунии гусфанди нодир айбдор мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафақахӯри 56-сола, сокини ноҳияи Мурғоб ба иттиҳоми куштор дастгир шуд: “Муайян карда шуд, ки дастгиршуда рӯзи 13-уми июн, соати 20:30 дақиқа бо келинаш, зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, бо истифода аз силоҳи шикории суфтамили тамғаи ИЖ-16 як маротиба ба қафаси синаи келинаш тир холӣ кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълан далели шайъӣ, силоҳ, ки ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешудааст, мусодира гардида, тафтишот идома дорад.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки инчунин як сокини 47-солаи Мурғоб низ боздошт гардидааст, ки дар шикори ғайриқонунии гусфанди нодир айбдор мешавад: “Кормандони милитсия дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА, воқеъ дар мавзеи Купрукбашии ноҳияи Мурғоб автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 47-солаи сокини ноҳияи Мурғобро боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина ҷасади як сар гусфанди кӯҳӣ ва 1-адад силоҳи оташфишони ТОЗ-8, ки ба марди 36-солаи сокини дигари ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Ин ниҳод бо такя ба маълумотномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист изҳор медорад, ки гусфанди ғайриқонунӣ шикоршуда, навъи нодир мебошад ва зарари расонидаи ин “шикорчӣ” 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Нисбати далели мазкур низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.