Аз эҷоди эътимод то гуфтугӯҳои сиёсии Аслов дар Амрико
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ, Ниша Десай Бисвал мулоқот намудааст.
Дар ин бора бо пахши як иттилоияи расмӣ Вазорати умури хориҷи Амрико иттилоъ дода, афзудааст, ки дар ин дидор панҷумин Мушовараи солонаи тарафайн баррасӣ шудааст: “Мушовараи солонаи тарафайн, ки соли 2010 таъсис шудааст, гуфтугӯи тарроҳишуда барои эҷоди эътимод, пешбурди дастури кори муштарак ва пайдо кардани фурсатҳо барои ҳамкории дуҷониба ва масоили минтақавӣ мебошад”.
Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки Сироҷиддин Аслов, инчунин бо мушовири вазорат Томас А. Шаннон ва муовини вазир Антонӣ Блинкен дидор хоҳад кард. Дафтари матбуотии вазорати умури хориҷии Амрико навиштааст, ки масоили инсонӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар меҳвари ин гуфтугуҳо қарор хоҳанд дошт.
“Амрико аз тариқи Мушовараи солонаи тарафайн ва гуфтугӯҳои дигари сатҳи олӣ равобити худро бо Тоҷикистон, шарики муҳим дар минтақа тақвият мебахшад.”-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷаи Амрико.