Кӯч бастани хонаводаҳо дар пайи ҷанги “Толибон”-у “Давлати исломӣ” дар Афғонистон
Дар пайи даргирӣ миёни гуруҳи “Толибон” ва ҷангиёни гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар вилояти Нангарҳори Афғонистон садҳо хонавода аз нуқтаҳои мухталиф ба маркази ин вилоят паноҳ бурдаанд.
Расонаҳои Афғонистон бо такя ба иттилои мақомҳои амниятии ин вилоят хабар медиҳанд, ки даргирии миёни ин ду гуруҳ, ки як моҳ ба ин сӯ идома дорад, талафоти сангинеро ба ҳарду тараф ворид кардааст. Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии вилояти Нангарҳор, гуфтааст, ҷанги “Толибон”-и “Давлати исломӣ” боиси аз маҳалҳои зисти худ кӯч бастани хонаводаҳои зиёде шуда, аммо изҳор дошта, омори дақиқи чунин хонаводаҳоро алъон рӯи даст надорад.
Мақомҳои маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтаанд, хонаводаҳои кӯчбаста ба кумакҳои аввалия ниёз доранд, вале то кунун ҳеч ниҳоде ба доди онҳо нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, гуруҳи “Толибон” дар мавриди даргириҳо дар вилояти Нангарҳор изҳори назар накардааст. Аммо расонаҳои Афғонистон аз як номаи “Толибон” ба ДИИШ хабар медиҳанд, ки дар он аз ин гуруҳ хоста шудааст, аз эҷоди ихтилофот худдорӣ кунанд.