Изҳороти мақомоти тоҷик: Аз Толибону амири Қатар ҳарфе нест
Мақомоти Тоҷикистон, бо пахши як иттилоияи расмӣ аз бозгашти чор марзбони асирафтодаи тоҷик ба Ватан хабар доданд.
Дар ин иттилоия, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, омадааст: “Рӯзи 11-уми июни соли 2015, дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус бо мақомоти муайян, органҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони қисми низомии 2610 Калонов Фарҳод Мухторович, соли таваллудаш 1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Норбоев Туйчибой Абдусамадович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва Давлатов Сироҷ Исломидинович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангирро, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рабуда шуда буданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардониданд”.
Таъкиди мақомоти тоҷик ба силоҳбадастони номаълум дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" бо пахши як изҳорот гуфтааст, чор сарбози тоҷикро ба хотири “равобити хуби ҳамсоядорӣ” миёни ин ҳаракат ва Тоҷикистон бо миёнҷигарии Қатар раҳо кардааст.
Дар ин изҳорот, ки як торнамои марбут ба “Толибон” нашр кардааст, гуфта мешавад, “ҳамаи сарбозон бо саломатии хуб ба Ватан баргаштанд ва “Толибон” бар ивази онҳо ҳеч инъоме нагирифтаанд”.
Марзбонҳои тоҷик рӯзи 19 декабр ба асорати “Толибон” афтиданд. Гуфта мешуд, онҳоро ҳангоми ҳезумчинӣ дар марз бо вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон гаравгон гирифтаанд. Рӯзи 14 июн Вазорати умури хориҷии Қатар хабар дод, ки ин чор сарбоз бо миёнаравии Қатар аз дасти “Толибон” раҳо шудаанд. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, “миёнаравии мақомоти ин кишвар барои раҳоии сарбозони тоҷик дар асоси роҳнамоии шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири давлати Қатар сурат гирифтааст”.