Хирагии чашмро оҷилан рафъ мекунем
Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино
Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзоъи номусоиди экологӣ умр ба сар мебарем, ки ин ҳама омилҳо ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Вале оё метавон ин авоқиби номусоидро бартараф кард? Дар бораи бемориҳои чашм, нигоҳубин ва табобати он сӯҳбате доштем бо офтомологи Бемористони Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.
- Чӣ сабаб мешавад, ки чашмҳо хира мебинанд, инро метавон беморӣ ном бурд?
- Сабабҳо хеле зиёданд: риоя накардани гигиенаи босира, таъсири воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ) ба чашм, инчунин бемориҳо, инфексияҳо ва осебҳо. Ҳатто норасоии ғизо низ метавонад омили бемориҳои чашм бошад. Шарти авали табобат ташхиси беморист. Ин аст, ки беморон, зери дастгоҳҳои навтарини тиббии сохти ширкатҳои аврупоӣ пурра ташхис мешаванд ва пас аз дақиқ гардидани сабаби пайдоиши коҳиши биноӣ ва ангезаҳои дарди чашм, ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Дар давоми камтар аз ду соли фаъолияти бахши мо 1105 нафар ниёзмандон қабул карда шуда, мушовира гирифтанд ва аз ҷумла, 58 бемор ҷарроҳӣ шуда, муолиҷа ёфтанд.
- Тибқи омор, шумори зиёди ҷарроҳишудагон олусчашмӣ доштаанд. Сабаби ин беморӣ чист?
- Узвҳои ба ҳаракатдароварандаи биниши чашм механизми мураккаберо ташкил медиҳад, ки чашми инсон ба воситаи ҳаракат ва ҳам ҳиссиёти худ, олами берунаро дарк менамояд. Дар ҳолати вайроншавии функсияҳои чашм чунин ҳолатҳо руй медиҳанд, ки он ба нодуруст ҷойгиршавии курраи чашм (олусчашмӣ), маҳдудшавӣ ва ё ҳаракат накардани узвҳои босира (аз ҳаракат мондани мушакҳои чашм) оварда мерасонад.
Дар Бемористони Ибни Сино 20 нафар гирифторони ин беморӣ ҷарроҳӣ шуданд, ки 16 нафарашонро кӯдакон ва ноболиғон ташкил медиҳанд.
Ҷарроҳии чашм дар бемористон таҳти роҳбарии чашмпизишки пуртаҷрибаи Эрон – доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ анҷом мешавад
- Бешак табобати бомувафақият ба таҷҳизоти навтарин низ марбут аст. Дар бемористон аз кадом дастгоҳҳо истифода мешавад?
- Дар Бемористони Ибни Сино бо истифода аз дастгоххои мухталиф усулхои мухталифи ташхиси беморихои чашм амали мешавад, ки чанде аз онхоро номбар мекунем:
- Визометрия- барои муайян намудани тезбинии чашм.
- Авторефкератометрия - таҳқики компютерии карнияи чашм, ки дар чанд дақиқа дараҷаи пастшавии тезбинии чашмро муайян менамояд.
- Ретиноскопия-азназаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм.
- Биомикроскопия - муоинаи қисмҳои пеши кураи чашм (қарния, рагҳои навпайдошуда, хирашавии булӯрак ва ҷирми шишамонанд).
- Тонометрия - чен кардани фишори чашм.
Агар ба бемор гирифтани айнак зарур шуморида шавад, дастгоҳилинзметрия метавонад барои муайян намудани дараҷаи айнак кӯмак расонад. Дар Бемористон барои безарар кардани таҷҳизот аз маҳлули deconnex кор мегирад, ки 100% аз сирояти маризиҳои асри 21, аз қабили бемориҳои гузарандаи Гепатиту ВИЧ кафолат медиҳад!
Дар тамоми бахшҳои бемористон васоили якмасраф истифода мешавад. Роҳбарияти бемористон дар якҷоягӣ бо ширкати «Суғурати миллӣ» барномаеро роҳандозӣ кардаст, ки харҷи табобати беморонро бамаротиб камтар мекунад. Ба таври мисол, бо суғурта шудан ба маблағи ҳамагӣ 150 сомонӣ, шумо метавонед худ ва наздикони худро дар давоми як сол аз хидмати босифати тиббӣ баҳравар созед.
Дар мавриди табобат бошад, бо итминони комил гуфта метавонам, ки тамоми бемориҳои вобаста ба чашмро мо метавонем табобат кунем!