Иванов: Нашъа баҳонаи Амрико барои ҳузур дар Тоҷикистон
Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федералии назорати маводи мухаддир дар Русия мегӯяд, Амрико ва НАТО “мубориза бо гардиши нашъа”-ро ҳамчун баҳона барои ҳузури бештарашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода мебаранд.
Иванов ба суоли “Комерсантъ”, ки Амрико барои мубориза ба гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон на камтар аз Русия сармоягузорӣ мекунад ва ин ба чӣ рабт дорад, посух додааст: “Амрико истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистонро бисёр ҳунармандона барои бештар кардани ҳузураш дар кишварҳои дигар истифода мекунад. Аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон тавлиди героин 100 баробар афзоиш ёфт. Ин ҳаҷми мухаддирот бо арзиши 100 миллиард доллар дар кишварҳои дур, ки сатҳи зиндагӣ дар онҳо баландтар аст, фурӯхта мешавад. Аз ҷумла дар Русия, Чин, Аврупо, ИМА ва дигар кишварҳои пешрафта. Мо борҳо аз НАТО даъват кардем, ки барои решакан кардани кишти нашъа дар Афғонистон чораҳои ҷиддӣ андешанд, аммо ба мо мегӯянд, ки наметавонанд деҳқонҳои афғонро аз ягона манбаи даромад маҳрум мекунанд. Барои ҳамин талошҳои асосияшонро ба он равона мекунанд, ки нерӯҳои пулис ва низомияшонро асосан дар кишварҳои транзитӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон мутамарказ кунанд. Хеле боҳунарона ҳузурашонро дар ин кишварҳо густариш медиҳанд”.
Интиқоди Иванов аз кӯмаки Амрико ба мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёри таҳлилгарон, аз ҷумла коршиносони рус Русия бештар ваъда медиҳад, аммо амалан кам иқдом мегирад. Аз ҷумла гуфта мешавад, кӯмаки техникӣ, ки бояд дар сатҳи СПАД ба мақомоти қудратии Тоҷикистон ироа мешуд, то ҳол пурра иҷро нагардидааст.