Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз шайх Аҳмад Ал-Сабоҳу Томас Бах
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиёро, ки дар доираи як сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе шуданд, ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин вохурӣ зуҳри 15 июн баргузор шуда, дар он масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё барои дастгирии соҳаи варзиш дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намудааст, “барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд”.
Инчунин ҷонибҳо дар робита ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикситон гуфтугӯй намуда, дар марҳилаи аввал сохтмони 5 адад чунин марказҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишварро мувофиқи матлаб хондаанд.
Томас Бах ва Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар навбати худ изҳор доштанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи милли олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносонӣ бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани идрорпулиҳо ба варзишгарон кӯмак хоҳад кард. Изҳори бовар кардаанд, ки варзишгарони тоҷик дар оянда дар бозиҳои олимпию осиёӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонию минтақавӣ ба натиҷаҳои бештару бештар ноил мегарданд.