Бердимуҳаммадов ба Пан Ги Мун: Маркази минтақавии халъи силоҳ дар Осиёи Марказӣ таъсис шавад
Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Туркманистон гуфтааст, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аснои мулоқот бо дабири кулли СММ -- Пан Ги Мун, пешниҳоди бунёди Маркази минтақавии халъи силоҳ дар Осиёи Марказиро кардааст.
“Кишвари мо бо дафтари муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаи халъи силоҳ ва дигар масоили марбут ба он омодагии куллӣ дорад”,-гуфтааст Бердимуҳаммадов.
Раисиҷумҳури Туркманистон ҳангоми дидор бо Пан Ги Мун ба “Паймони минтақаи бидуни яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Миёна” ишора карда, иҷро шудани онро “аҳамияти вижа” унвон намудааст. Дабири кулл аз кори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона барои Осиёи Марказӣ дар Ашқобод истиқбол ва ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар заминаи кумаки башардустона ба паноҳандагони Непал ва Афғонистон дар Туркманистон изҳори миннатдорӣ кардааст.