Президент: Барои пайдо кардани ризқи фарзандонам боркашию кӯчарӯбӣ кардаам
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, барои таъмини нафақаи хонаводааш ҳатто ба ҳайси кӯчарӯбу боркаш низ кор кардааст.
Ин нуктаҳо замоне аз сӯи раисҷумҳури Қирғизистон садо додаанд, ки ӯ аз сокинони кишвараш даъват мекард, дар таъмини нафақаи аҳлу оилаи худ масъулиятшинос бошанду ба ҳар коре мепардозанд, онро содиқона анҷом диҳанд.
Ба қавли Отамбоев, “мардҳо бояд нафақаи афроди оилаи худро таъмин кунанд. Ман низ барои пайдо кардани ризқу рӯзии фарзандонам ба ҳайси боркашу кӯчарӯб ва гӯлахӣ ё худ сӯхтрасону тарҷумон кор кардаам”.
Раисҷумҳури Қирғизистон дар идома ба рақибони худ тавсия додааст, пеш аз муддаии курсии раёсатҷумҳур шудан аввал таъмини нафақаи оилаи худро биомӯзанд: “Дар интихоботи президентии охири Қирғизистон шахсоне даъвои президент шудан карданд, ки коре накардаанд. Беҳтар буд, ба ҷои ин даъво оилаи худро хуб саробонӣ кунанд”.