Тоҷикистон дар даҳгонаи “бадбинҳо”-и Амрико
Маркази таҳлилии “Gallup” ва маркази байналмилалии Меридиан дар байни 135 кишвари ҷаҳон таҳқиқотеро таҳти унвони “Раҳбарии ҷаҳон” гузаронида, Тоҷикистонро дар соли 2014 дар даҳгонаи кишварҳое қарор додаанд, раҳбарии Амрикоро хуш намепазиранд.
Таҳқиқоти мазкур нишон додааст, ки миёни 135 кишвари ҷаҳон аз ҳама бештар дар Русия-82 фоиз ба раҳбарӣ, ё худ лидерии Амрико нигоҳи манфӣ доранд. Дар ҷои дуюм Фаластин-72%, сеюм Белорус- 69%, чорум Лубнон-66%, панҷум Покистон-65%, шашум Эрон-61%, ҳафтум Миср-58%, ҳаштум Австрия -55%, нуҳум Тоҷикистон- 54% ва Словения бо 54 фоиз дар ҷои даҳум қарор гирифтаанд.
Бо вуҷуди ин бар бунёди ин таҳқиқоти байналмилалӣ 45 дарсади посухдиҳандагон аз раҳбарии Амрико ҷонибдорӣ кардаанд, ки аз кишварҳое чун Чин, Русия ва Олмон бисёртар мебошад. Тибқи назарпурсии Gallup аз миёни абарқудратҳо роҳбарияти Амрико аз соли 2009 инҷониб миёни сокинони сайёра ҳамеша пешсаф ва роҳбарияти Русия аз ҳама охир қарор гирифтааст.