Вазорати дифоъ: Иштироки аксари низомиёни Русия дар ҷанги Тоҷикистон расман сабт нашудааст
Вазорати дифои Русия бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ветеранҳо” хостааст, ироаи мақоми ветеран ба иштирокчиёни амалиётҳои ҷангии солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон осону сода карда шавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод тибқи қонуни амалкунанда, мақоми ветеранро танҳо афроде гирифта метавонанд, ки орден, санади пешниҳод барои гирифтани орден, ҷоизаҳои давлатӣ, маълумотнома дар бораи ҷароҳат зимни амалиёти ҷангӣ дар Тоҷикистонро доранд. Ин ниҳод мегӯяд, мушкил дар он аст, ки иштироки аксари низомиёни рус дар амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ дар ҳуҷҷатҳо ба қайд гирифта нушудаанд: “Дар натиҷа имрӯз на ҳамаи иштирокчиёни ҷанг дар Тоҷикистон метавонанд, мақоми ветеранро гиранд. Вақте соли 2012 дар Русия қонун дар бораи додани мақоми ветеран ба иштирокчиёни ҷанги Тоҷикистон қабул гардид, интизор мерафт, ҳудуди 23 ҳазор нафар метавонанд унвони ветеранро гиранд. Аммо бо назардошти расмиёти ҳуқуқӣ аз 6500 нафаре, ки ба Вазорати дифоъ муроҷиат кардаанд, то имрӯз танҳо 1500 нафар мақоми ветеранро гирифтаанд. Сабаб дар он аст, ки бисёриҳо расман натавонистанд, исбот кунанд, ки онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон иштирок кардаанд”.
Ин ниҳод мегӯяд, солҳои 90-уми асри гузашта дар парвандаҳои шахсии низомиён истилоҳҳои дигар навишта мешуданд: “Аз ҷумла дар парвандаҳои иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки “барои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, барқарорсозии сулҳ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, муътадилсозии вазъ, муҳофизати иншооти муҳими давлатӣ дар ҳолатҳои фавқулода зимни даргирии мусаллаҳона дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Вазорати дифоъ мегӯяд, чунин сабт дар парвандаи шахсӣ барои гирифтани мақоми ветеран кифоя нест ва пешниҳод кардааст, расмиёти гирифтани мақоми ветеран барои иштирокчиёни ҷанг дар Тоҷикистон сода карда шавад. Интизор меравад, ки лоиҳаи нав аз аввали соли оянда мавриди амал қарор гирад.