Томас Бах ва Шайх Ал-Сабоҳ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунанд
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, зуҳри 15 июн барои бо як сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Томас Бахро дар ин сафари корӣ -- Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Манбаъ мегӯяд, Томас Бах ва Шайх Аҳмад дар доираи ин сафар нахуст бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, мулоқот хоҳанд кард: “Баъдан онҳо аз қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дидан намуда, бо варзишгарону мураббиён, доварони маъруф ва аъзои кумитаи иҷроия ва кормандони Кумитаи миллии олимпӣ мулоқот мекунанд”.
Томас Бах бо ҳайати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз Тошканди Ӯзбакистон ба Душанбе омада, 16 июн аз Душанбе ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз хоҳанд кард.