Рӯнамоӣ аз профилҳои “LEGA” ва шишаҳои “Созмон GLASS” дар Душанбе
Ҷамшед Ҷалолов, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди тоҷикӣ-туркии “Таҷпроф” мегӯяд, баъди роҳандозии истеҳсоли профилҳои алюминӣ, воридоти ин навъи масолеҳ ба кишвар коҳиш ёфтааст. Оқои Ҷалолов ин нуктаро рӯзи 11-уми июн зимни муаррифии профилҳои алюминии бренди “LEGA” ва шишаҳои обутобдодашудаи ширкати “Созмон GLASS” дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, профилҳои алюминии бренди “LEGA” профилҳои секамерагӣ, профилҳои фасад барои баландошёнаҳо ва ҳамчунин профилҳои ҳаракаткунанда мебошанд, ки ба талаботи бозор пурра ҷавобгӯянд: “То оғози фаъолияти корхонаи мо, ингуна профилҳо асосан аз Туркия, Хитой ва Узбакистон ба кишвар ворид мешуд. Баъди ба кор сар кардани корхона, аллакай миқдори воридоти ин намуди масолеҳ хеле коҳиш ёфтааст. Дар бозор таваҷҷуҳи муштариён ба ин масолеҳ зиёд аст. Профилҳои мо аз рӯи сифат ва нарх бо профилҳои туркӣ рақобатпазир аст. Нархи масолеҳи мо нисбат ба профилҳое, ки аз хориҷ ворид мегардад, то 15-20 дарсад арзонтар мебошад”.
Ба қавли раҳбари корхонаи “Таҷпроф” бартарии профилҳои секамерагӣ ва фасад аз профилҳое, ки қаблан истеҳсол мекарданд, дар он аст, ки ин намуди профилҳо имконияти истифодаашон фароҳам буда, профилҳои пештараи яккамерагӣ дар истифодабарӣ лимит дошт.
Мутахассисони “Таҷпроф” мегӯянд, профилҳои алюминии бренди “LEGA”, ин маҳсулоти мусоир ва ояндадор мебошад, ки алюминии ин масолеҳ аз нигоҳи экологӣ тоза буда, омехтаҳои металҳои вазнинро надорад ва ба ҳарорат тобовар аст: “Ба уфту хези якбораи ҳарорат тобовар буда, ба таъсири зангзанӣ, нурҳои ултрафиёлетӣ ва кислотаҳо устувор мебошанд. Профилҳои алюминии “LEGA” бисёр бартариҳо дорад, аз ҷумла ба муҳлати тулонӣ хидмат мекунад, оташангез нестанд, вазнашон сабук ва хеле мустаҳкаманд. Бар илова имконияти зиёди меъморӣ ва дизайн доранд. Дар шакл ва ҳаҷмҳои гуногун бо тарҳҳои инфирдорӣ истеҳсол мегарданд”.
Ширкати “Таҷпроф” аз соли 2008 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар аввал ба интиқоли профилҳои алюминӣ аз Туркия ба Тоҷикистон машғул буд. Масъулини корхона мегӯяд, онҳо нахустин шуда интиқоли мунтаззам ва дар ҳаҷми зиёди профилҳои алюминию лавозимоташро ба Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Баъдан, моҳи июни соли 2013 дар ҳамкорӣ бо ширкати “AKPA Aluminium”-и Туркия корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ дар Тоҷикистонро фаъол кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ин корхона яке аз калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи профилҳои алюминӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Корхонаи мазкур дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир буда, ба гуфтаи раҳбарияташ, дар як сол 4,5 ҳазор тонна профилҳои мухталиф истеҳсол мекунад.
Зафар Охунов, мутахассиси соҳа, ки дар рӯйнамоии масолеҳи “LEGA” ширкат дошт, зимни суханронӣ гуфт, дар натиҷаи ба роҳ мондани профилҳои алюминӣ корхона тавонист пеши роҳи яке аз падидаҳои номатлуб -- берун рафтани асъори хориҷиро боз дорад: “Яъне, ширкат тавонист зиёда аз 10 миллион доллари амрикоиеро, ки ҳар сол барои харидории профилҳо берун аз кишвар мерафт, боз дорад. Соҳибкорон маҷбур буданд барои харид кардани 4 ҳазор тонна профил 800 маротиба ба хориҷ сафар намоянд ва ин сафарҳо хароҷоти зиёд дошт, шурӯъ аз харҷи роҳ тариқи ҳавопаймо, ҷой хоб ва ба ин монандҳо. Бо шурӯи кори корхона хараҷот ба маротиб кам шуд. Ширкат тавонист барои 1600 нафар ҷой кори нав ташкил намояд. Дар натиҷаи истеҳсоли профилҳои секамерагӣ, ки имрӯз муаррфияш намуданд, ширкат тавонист пеши роҳи масрафи нерӯи барқро низ бигирад. Яъне, истифода аз ин намуди профилҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва идораҳоро гарм нигоҳ дошта, аз ин ҳисоб истифодаи нерӯи барқ сарфа мешавад”.
Мирзосафар Самиев, директори ширкати “Созмон GLASS”, ки дар ин ҳамоиш масолеҳи худ - шишаҳои обутобдодашударо муаррифӣ мекард, гуфт, бо корхонаи“Таҷпроф”, ҳамкорӣ дошта, дару тиреза месозанд. Ҷаноби Самиев иброз дошт, ширкаташ соли 2009 таъсис ёфта, давоми 6 соли фаъолият, ба як қатор пешравиҳо ноил гаштааст: “Якуним сол пеш мо як таҷҳизоте ворид намудем, ки барои обутоб додани шишаҳо истифода бурда мешавад. Вақте мо таҷҳизотамонро ба кор даровардем, бештари мардум дар бораи чунин шишаҳо тасаввурот надоштанд. Имрӯз мардум ба ин намуди масолеҳ таваҷҷуҳи зиёд дорад, зеро бехтатарии одамонро таъмин мекунад. Яъне, ин шишаҳо дар ҳарорати зиёда аз 750 дараҷа обутоб дода мешаванд ва аз 7 то 10 дараҷа пурқувват гардида, ҳангоми зарбаи сахт ба зарачаҳои хурд табдил меёбан. Мо ҳис карда истодем, ки имрӯз дар бозор талабот ба шишаҳои обутобдодашуда хеле зиёд шуда истодааст”.
Ба гуфтаи Самиев, айни ҳол онҳо ягона истеҳсолкунандаи чунин шишаҳои обутобдодашуда дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, моли онҳо аз масолеҳе, ки аз хориҷ ворид мегардад, бартариҳо дорад. Ӯ мегӯяд, дар ҳолати шикастани шишаҳои мазкур харидор метавонад дар як муддати кутоҳ аз сари нав фармоиш диҳад, “аммо вақте масолеҳ аз хориҷ бошад дар ҳолати шикастан барои дубора фармоиш додан, вақти зиёд ва хараҷоти бисёрро талаб мекунад”.
“Созмон GLASS” соли гузашта намояндагии ширкати “AGC EUROPA”-ро дар Тоҷикистон бар душ гирифтааст, ки ин ширкат асосан ба истеҳсол ва фурӯши шиша машғул буда, дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Масъулини “Созмон GLASS” мегӯянд, бо истифода аз намуди шишаҳое, ки онҳо истеҳсол мекунанд, биноҳои зебо ва хеле бузург сохтан имконпазир аст.