Раҳоии 4 сарбози тоҷик аз асорати Толибон бо ёрии амири Қатар
Вазорати умури хориҷии Қатар аз раҳоии чаҳор сарбози тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта аз сӯи Толибон дар марз бо Афғонистон ба гарав гирифта шуданд, хабар дод.
Расонаҳои қатарӣ, рӯзи 14-уми июн, аз қавли мақомоти умури хориҷияшон иттилоъ доданд, ки бо миёнаравии Қатар чаҳор сарбози тоҷик аз дасти Толибон раҳо ва ба мақомоти тоҷик таслим шудаанд. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, “миёнаравии мақомоти ин кишвар барои раҳоии сарбозони тоҷик дар асоси роҳнамоии шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири давлати Қатар сурат гирифтааст”.
Масъулини Вазорати умури хориҷии Қатар дар идома аз тамоми тарафҳое, ки дар раҳоии сарбозони тоҷик даст доштанд, миннатдорӣ карда, таъкид кардааст, “ин миёнаравии Давҳа бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ сурат гирифта, Қатар аз тамоми роҳҳои дипломатӣ барои раҳоии сарбозони багаравафтодаи тоҷик истифода кард”.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки гуруҳи мусаллаҳи толибон, рӯзи 19 декабр, 4 марзбони тоҷик -- Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994, Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Тӯйчибой Нурбоев, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991-ро дар ҳоле ба асорат гирифтанд, ки дар марз бо вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон ба ҳезумчинӣ машғул буданд.