Вазири хориҷии Тоҷикистон барои машваратҳои сиёсӣ ба Амрико рафт
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар садри як ҳайати расмӣ ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико рафтааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии кишвар, ин ҳайат рӯзи якшанбеи 14 июн ҷиҳати иштирок дар панҷумин даври Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико ба Вашингтон рафтаанд: “Ин машваратҳо рӯзи 16 июн дар пойтахти ИМА баргузор мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни Машваратҳои сиёсӣ ҳайати Тоҷикистон ва ИМА масоили васеи муносибатҳои дуҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима хоҳанд кард: “Аснои ин сафар як зумра мулоқотҳои баландпояи дуҷониба низ дар назар аст”.
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, дар назар аст, сафари ҳайати Тоҷикистон аз 14 то 18 июн дар ИМА идома ёбад.